Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҷлили расмии Наврӯз дар Узбакистон лағв шудааст


Мақомоти Узбакистон имсол барои нахустин бор дар 19 соли истиқлоли ин кишвар таҷлили расмии иди Наврӯзро лағв карданд. Мақомот мегӯянд, маросими давлатии истиқбол аз Наврӯз, ки бояд рӯзи шанбеи 20 март доир мешуд, ба далели вазъи бади ҳаво лағв шудааст. Раисиҷумҳур Ислом Каримов ҳам, ки ҳар сол аз Боғи Навоӣ бо паёми табрикотии наврӯзӣ ба мардум муроҷиат мекард, имсол ба манзури табрики мардум дар телевизон зоҳир нашуд.
Мақомот мегӯянд, консерти бошукӯҳи наврӯзӣ, ки лағв шуд, имрӯз дар Тошканд барпо хоҳад шуд. Аммо маълум нест, ки Каримов дар ин консерт ҳузур хоҳад дошт ё на. Ислом Каримов бори охир рӯзи 17 март дар ҷараёни дидор бо ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев дар мазҳари ом ҳозир шуда буд.
XS
SM
MD
LG