Пайвандҳои дастрасӣ

Русия - дар садади афви 330 000 маҳбус


Ҳизби ҳокими Русияи воҳид тарҳи қонуни афверо пешниҳод кардааст, ки дар арафаи солгарди 65-уми пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ аз зиндонҳои Русия раҳо кардани то 330 000 маҳбусро дар назар гирифтааст. Аксари онҳое, ки мавриди афв қарор хоҳанд гирифт, ҷинояткорони ё ноболиғ ваё солхӯрда буда, ҳудуди 40 000 нафар онҳоеянд, ки ҳанӯз дар боздошт дар интизори муҳокимаи парвандаи худ ба сар мебаранд.
Аммо зиндониёне, ки ба даст доштан дар ҷиноёти сангин муҷрим шинохта шудаанд, мавриди афв қарор нахоҳанд гирифт.
Дар зиндонҳои Русия ҳудуди 4000 шаҳрванди Тоҷикистон низ адои ҳукм мекунанд, вале ҳанӯз маълум нест, ки оё чӣ миқдоре аз онҳо метавонад тибқи ин қонуни афв озод шавад.
XS
SM
MD
LG