Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маркази исломӣ ҳанӯз сабти ном нашудааст


Бо вуҷуди гузашти қариб се моҳ аз анҷоми замони сабтиноми муҷаддади муассисаҳои динӣ, Маркази исломӣ, муфтиёти собиқи Тоҷикистон натавонистааст то кунун фаъолияти худро расмӣ кунад. Масъулини умури дини кишвар мегӯянд, иллати то ҳол сабти ном нашудани Маркази исломӣ ҳанӯз анҷом нашудани сабти куллия муассисаҳои исломист.
Саидбек Маҳмадуллоев, як масъули дин дар вазорати фарҳанг гуфт, танҳо баъд аз сабти кулли масоҷид метавон Маркази исломиро ба ҳайси ниҳоди нозири фаъолияти ин масоҷид низ расмӣ гардонд.
Маркази исломӣ соли 1997 дар заминаи муфтиёти собиқ таъсис ёфта, ҳамчунин судури фатвоҳо, интихоби Шӯрои уламо ва таъйини рӯзҳои аввалу анҷоми моҳи Рамазон ва рӯзҳои иди мусалмониро бар ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG