Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Оқилов аз сиёсати энержии Душанбе


Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар нишасти бахшида ба ҷараёни иҷрои барномаҳои Даҳсолаи “Об барои ҳаёт”, ки СММ эълон кардааст, аз барномаҳои бунёди нирӯгоҳҳо дар кишвараш пуштибонӣ кард. Оқил Оқилов, ки дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк суханронӣ мекард, исрофи об ба манзури обёрии заминҳои кишт ва тағйири иқлимро аз иллатҳои аслии камбуди об дар Осиёи Марказӣ ва хушкшавии кӯли Арал номид ва хостори таҳияи як механизми ягонаи баҳрабардорӣ аз манобеъи об ва захоири энержии ин минтақа шуд.
Оқил Оқилов чунин механизм ва иқдомоти муштараки кишварҳои Осиёи Марказиро ба манфиати ҳам кишварҳои болооб ва ҳам поёноби ин қаламрав хонд.
XS
SM
MD
LG