Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба қатъи пахши барномаи "Наша Раша"


Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия бо ирсоли як нома ба додситонии кулл ва Хадамоти федеролии назорат бар соҳоти мухобироти Русия хостори қатъи пахши барномаи “Наша Раша” ва фурӯши филми “Тухми қисмат” шудааст. Раиси ҷунбиш Каромат Шарифов дар як нишасти хабарӣ ин барнома ва ин филмро ҳомили аломатҳои барангехтани адовати қавмӣ номида, амалкарди “Комедӣ Клаб”, масъули таҳияи “Наша Раша” дар шабакаи ТНТ-ро “генотсиди маънавии миллати тоҷик” унвон кардааст.
Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия гуфтааст, дар ғайри сурати иттихози тадобири лозим, ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар низ шикоят хоҳад бурд.
Барномаи “Наша Раша” ва филми “Тухми қисмат” ҳаёти муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро бидуни бурдани миллияти онҳо ба риштаи танз кашидааст, вале маҳофил ва ҳатто мақомоти Тоҷикистон ин барнома ва ин филмро таҳқиромез медонанд.
XS
SM
MD
LG