Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари шуме, ки Ӯзбакистон солҳо пинҳон доштааст


Як вебсайти хабарии Ӯзбакистон мегӯяд, дар ду шифохонаи кӯдаконаи ин кишвар вируси норасоии масӯнияти бадан дасти кам 14 кӯдакро кушта ва ба 133 нафари дигар сироят кардааст. Даниил Кислов – муҳаррири вебсайти Фергана ру мегӯяд, хуруҷи бемории ВИЧ СПИД, се соли пеш дар соли 2007 ба вуқӯъ пайваста ва бори аввал дар як филми мустанади додситонӣ барои телевизиони давлатӣ намоиш дода шуд. Муаллифони филм мегӯянд, ки 12 табиб ва парасторони шифохонаҳои шаҳри Намангонро бо иттиҳоми истифода аз абзори олудаи тиббӣ ҳангоми дармони кӯдакон ба зиндон маҳкум кардаанд. Мақомоти Ӯзбакистон то кунун доир ба филми мазкур ибрози назар накардаанд.
XS
SM
MD
LG