Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон тасмими Исроилро монеа дар роҳи сулҳ хонд


Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико, имрӯз гуфт, Исроил дар робита ба сулҳи Ховари Миёна “интихобҳои душвор, вале зарурӣ” дорад. Ӯ дар як конфронси Кумитаи умури иҷтимоии Амрикоиву Исроил, як гурӯҳи тарафдори Исроил дар Иёлоти Муттаҳида гуфт, бунёди шаҳракҳои нави яҳудинишин дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ ва Канораи Ғарб монеаи пешрафт дар ҷараёни сулҳи Ховари Миёна аст. Аммо гуфт, Ҳилларӣ Клинтон, ҳамчунон ба азми худ барои суботу амнияти Исроил пойбанд аст: "

Сохтмонҳои нав дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ ва ё Канораи Ғарб эътимоди дуҷонибаро аз зер хароб ва наздикии музокиротро дучори хатар мекунад, ки қадами нахуст ба самти музокироти пурра аст, ки ҳарду тараф мехоҳанд ва ба он ниёз доранд. Ва он ихтилофи назар миёни Амрикову Исроилро ба намоиш мегузорад, ки дигарон умедворанд, аз он истифода баранд. Он тавони беназири Амрико барои ифои нақш ва нақши ҳассос дар ҷараёни сулҳро аз зер хароб мекунад. "
Эъломи Исроил доир ба бунёди 1600 манзили нав дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ сабаби таниш миёни Иёлоти Муттаҳида ва шарики наздикаш Исроил шуд. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ки даъвати Амрико барои мутаввақиф кардани шаҳраксозӣ дар Байтулмуқаддаси Шарқиро рад намуд, қарор аст, имрӯз дар шаҳри Вашингтон бо Ҳилларӣ Клинтон мулоқот кунад. Айни замон вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо низ имрӯз қасди Исроил барои идомаи шаҳраксозиҳо дар манотиқи ишғолии Байтулмуқаддаси Шарқиро маҳкум намуда, онро монеа дар роҳи талошҳои байналмилалии сулҳ дар минтақа гуфтанд.

XS
SM
MD
LG