Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои як созмони тоҷикон аз додситони Русия


Як иттиҳодияи ҷамъиятии муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз додситони кулл ва мақомоти нозир ба матбуот дар ин кишвар хостааст, то намоиши баъзе аз барномаҳоеро мутавақиф кунад, ки дар он муҳоҷирони тоҷик ба масхара кашида шудаанд. Каромат Шарипов – раиси “Иттиҳодияи муҳоҷирони кории тоҷик” дар Русия имрӯз зимни як нишасти хабарие дар шаҳри Маскав, баъзе аз барномаҳои мазҳакавии “Наша Раша” ва филми “Тухми Сарнавишт”- ро “наслкушии маънавии миллати тоҷик” хонда гуфт, аз додситони кулл ва Хадамоти назорат бар матбуоти Русия расман хостааст, то пахшу фурӯши ин барномаҳоро мутавақиф кунад. Каромат Шарипов мегӯяд, барномаи мазкур дар Русия адовати миллӣ бармеангезад, ки хилофи қонунҳои кишвар аст. Вай аз муаллифони намоишу филм хостааст, аз мардуми Тоҷикистон маъзарат бихоҳанд.
XS
SM
MD
LG