Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузорише гуфтааст, ки кишварҳои минтақа ба манзури эмин будан аз бӯҳрони энержӣ дар ду даҳсолаи дигар ба 3 триллион доллар сармоягузорӣ ниёз доранд.

Дар як гузорише, ки ахиран Бонки Ҷаҳонӣ зери унвони "Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо вазъи бӯҳронӣ дар соҳаи энергетика мувоҷеҳ шудаанд" ба табъ расондааст, гуфта мешавад, соҳаи энергетикаи ин минтақа ба 3 триллион доллар сармоягузорӣ эҳтиёҷ дорад, то дар 20 соли оянда аз бӯҳрони шадид эмин бошад.

Дар ин робита Питер Томсон, раиси бахши рушди давомдор дар умури Аврупову Осиёи Марказии Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, дар давоми бист соли оянда, яъне то соли 2030-ум тавлиди нерӯи барқ дар Аврупову Осиёи Марказӣ 50 дар сад афзоиш хоҳад ёфт, вале ниёз ба нерӯи барқ 90 дар сад бештар хоҳад шуд.

Бонки Ҷаҳонӣ бо ишора ба бӯҳрони иқтисодӣ навиштааст, ки дар давоми панҷ-шаш соли оянда, ки тақозо ба нафту газ ва нерӯи барқ зиёд нахоҳад буд, минтақа бояд ислоҳоти ҷиддии соҳаи энергетикаро раҳандозӣ кунад. Мусоҳибаи хабарнигори Радиои Озодӣ бо Питер Томсон.

- Мӯҳтарам Питер Томсон, Раиси бахши рушди давомдор дар умури Аврупову Осиёи Марказии Бонки Ҷаҳонӣ, паӣёми аслии гузориши шумо чист?

- Паёми мо ин аст, ки минтақа ба ваҷҳи умум аз имконоти зиёде бархӯрдор аст. Ҳоло ва дар муддати тахминан панҷ соли оянда шароити рафъи вазъи бӯҳронӣ дар энергетика вуҷуд дорад. Агар минтақа ба ҳайси як минтақаи муттаҳид тавонад, ки ислоҳоте раҳандозиву татбиқ намояд, сармояи зиёде барои баровардани ниёзмандиҳои энергетикӣ оянда дар ихтиёр хоҳад буд. Чизи дигаре, ки ба чашм мехӯрад, ин аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ на танҳо ба бозорҳои анъанавии худ, яъне бозори Русия такя мекунанд, балки ба бозорҳои ҷанубу шарқ низ ба қадри кофӣ таваҷҷӯҳ нишон медиҳанд. Аҳамияти Русия аз байн намеравад, вале дарёфти бозорҳои нав ва гуногун намудани роҳи содирот амнияти энергетикии кишварҳои минтақаро тавсеа мебахшад.

- Ҷаноби Томсон, аммо ҳоло дар Осиёи Марказӣ сухан бештар дар бораи ихтилоф рӯи сохтмони нерӯгоҳҳои барқу об аст, на дар бораи истифодаи муштарак аз нерӯи барқу газ ва ё нафт.

- Бале, Осиёи Марказӣ таҳиякунанда ва содиркунандаи муҳими нафту газ ба бозорҳои олам аст. Тавре шумо ҳам медонед, Осиёи Марказӣ дорои захираи обу барқ низ мебошад. Мушкили Осиёи Марказӣ ин аст, ки дар паи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои минтақа дар истихроҷу истифодаи захираҳои табиӣ чорчӯби минтақавиро канор гузашта ҳар яке худ ба ҳалли мушкилиҳояшон пардохтанд. Масалан, силсилаи нерӯгоҳҳои барқу оби Осиёи Марказӣ аслан чун низоми обёрӣ таҳия шуда буд, ки тавлиди нерӯ ҳадафи баъдии он ба ҳисоб мерафт. Хуллас, тибқи барнома Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон аз захираҳои оби Амударё ва обандорҳои нерӯгоҳҳо минтақа баҳраманд мешуданду кишварҳои болооб Тоҷикистону Қирғизистон аз нерӯи барқ. Кишварҳои болооб дар фасли тобистон обро таъмин мекарданду дар зимистон бар ивази он нерӯи барқ, ангишт ва ё гази табиӣ мегирифтанд.


- Вале, муҳтарам Питер Томсон тирамоҳи гузашта Узбакистон-кишвари муҳимтарини шабака аз низоми муштараки таъмини барқи Осиёи Марказӣ берун шуд. Эҳтимол ин раванд идома ёбаду дигар кишварҳои доро низ канораҷӯӣ кунанд.


- Мо борҳо ба кишварҳои мухталиф гуфтаем, ки фаҳмиши муштарак зарур аст ва кишварҳо бояд якҷоя баҳри дарёфти ҳалли беҳтарин ва ҷалби сармояҳои барои рушди соҳа лозимӣ талош варзанд.

- Бале, ҷаноби Томсон наметавонем гӯем, ки ҳамкорӣ вудуҷ надорад. Чанд рӯз пеш дар Узбакистон раисҷумҳурони Узбакистону Қазоқистон аз Тоҷикистон даъват карданд, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғунро то замони баргузориии экспертизаи байналмилалӣ мутаваққиф кунад. Онҳо мехоҳанд аз об таъмин бошанд, он тарафаш чӣ мешавад... шояд барои онҳо муҳим набошад?


- Бигзоред, ман нуқтаи назари Бонки Ҷаҳониро бигӯям. Ин ба манфиати Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аст, ки онҳо фаҳмиши муштараке дар бораи беҳтарин шакли сарбанд ва таъсири ин сохтмон ба муҳити зисту ғайри дошта бошанд. Ба фикрам Узбакистон ҳақ дорад, талаб кунад, ки бозрасии ин лоиҳа дар баландтарин сатҳи байналмилалӣ доир шавад, то посухе дар бораи таъсири эҳтимолии сохтмони обанбор ба таъмини об дар онядаро дар ихтиёр дошта бошад. Ба фикрам барёфти ин маълумот барои Тоҷикистон ҳам муҳим аст. Иҷрои ин амал имкон медиҳад, ки як роҳи барои ҳама қобили қабул ва барои ҳамаи ҷонибҳо муфид пазируфта шавад.

- Муҳтарам Питер Томсон, Раиси бахши рушди давомдор дар бахши Аврупову Осиёи Марказии Бонки Ҷаҳонӣ, то ҷое медонем, Тоҷикистон борҳо гуфтааст, ки тақсими обро вайрон нахоҳад кард. Шумо метавонед, нафту газро дар ҷое захира кунед, вале обанбор, ки пур шуд, об ҳам бояд ба ягон самте ҷорӣ бошад.

- Воқеан, вақте сарбанд бунёд мешавад, назорати ҷараёни об муҳим аст. Шумо наметавонед мисли нафту газ обро дар зери замин нигаҳ доред. Дар ин ҷо муҳим тақсими оқилонаи об аст. Коршисон ё худ экспертҳо метавонанд низоми тақсими обро машварат кунанд, то манфиати тамоми ҷонибҳо дар давраи обдиҳии мазрааҳои кишоварзӣ ва фасли зимистон кафолат дода шавад. Зеро бо тағйирёбии иқлим назми феълии ҷоришавии об метавонад дигаргун шавад. Имкон дорад замони хушкӣ ва ё боришҳои пайдар пай тағйир ёбад.

- Масъалаи дигаре, ки мехоҳам аз шумо пурсам, ин саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун аст. Мебинем, ки феълан ҳукумати Тоҷикистон ба дастгирии мардумаш такя кардаву наздик ба 200 миллион доллар саҳмияи Роғунро фурӯхтааст. Шумо дар ин бора чӣ гуфта метавонед, Питер Томсон, Раиси бахши рушди давомдор дар бахши Аврупову Осиёи Марказии Бонки Ҷаҳонӣ?

- Касе бо мо дар бораи ин чорабинӣ машварат накардааст. Мо дар бораи ҳифзи ҳуқуқи саҳмиядорон ҳам чизе нашунидаем. Мо огаҳ ҳастем, ки дар буҷаи Тоҷикистон маблағи муайяне барои такмили нерӯгоҳи барқи обии Роғун тахсис дода шудааст. Мо бояд тафсилоти бештаре дар мавриди тарзи сармоягорӣ дар ин барномаро дошта бошем, то имкони арзёбии он пайдо шавад.
XS
SM
MD
LG