Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Аврупо хостори поёни сензура дар Эрон шуд


Вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо имрӯз дар нишасте дар шаҳри Брюссел аз ҳукумати Эрон хостанд, ба сензураи давлатӣ хотима диҳад. Зимни як баёнияи расмӣ 27 кишвари узви иттиҳодия аз мақомоти расмии Эрон хостанд, то аз “халалдор кардани барномаҳои моҳвораӣ ва сензура дар Интернет “ даст бардорад. Дар ин баёния омадааст, Иттиҳодияи Аврупо мусаммам аст, “то ин масъаларо пайгирӣ ва бо мавқеъгирӣ ба ин вазъи ғайриқобили қабул” хотима диҳад. Баъди интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон дар моҳи июни соли гузашта ва авҷи тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ, мақомоти Эрон ба саркӯбии матбуот шурӯъ карда, даҳҳо хабарнигорро ба зиндон андохтанд ва монеъи пахши барномаҳои хориҷии моҳвораӣ шуда ва дастрасии эрониҳо ба Интернетро ҳам мушкил карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG