Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдор аз эҳтимоли бӯҳрони энержӣ дар Осиёи Марказӣ


Бонки Ҷаҳонӣ ҳушдор дод, ки дар сурати сармоягузории нокофӣ ба арсаи энержӣ, кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ба камбуди ҷиддии нерӯи барқ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Дар гузориши тозаи ин бонк доир ба арсаи энержӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуфта мешавад, бо вуҷуди манобеъи фаровони энержӣ, кишварҳои ин ду минтақа то соли 2030 ба харидори нерӯи барқ табдил хоҳанд ёфт. Магар ин ки барои рушди ин арса, тармими зербунёдҳо ва истифодаи муассири энержӣ то 3 триллион доллар сармоя нагузоранд.
XS
SM
MD
LG