Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ироқ даъвати бозшумории орои интихоботро рад кард


Кумиссиёни интихоботии Ироқ даъвати бозшумории раъйҳо аз интихоботи рӯзи 7 мартро рад кард. Бар асоси натиҷаҳои пешакии интихобот, ҳизби Иёд Аллавӣ - нахуствазири собиқи Ироқ, аз ҳизби Нурӣ Ал-Моликӣ - нахуствазири феълӣ пешсаф будааст. Қарор аст, натиҷаҳои ниҳоии интихобот рӯзи ҷумъа 26 март эълом шавад. Ҷалоли Толибонӣ - раиси ҷумҳур ва Нурӣ Ал-Моликӣ хостори бозшумории раъйҳо шудаанд. Аммо Фараҷ Ҳайдарӣ - раиси кумиссиёни интихобот, даъвати бозшумории раъйҳоро рад кард. Ба гуфтаи мақомоти кумиссиён онҳо ҳар шикоят доир ба тақаллуб дар интихоботро ба таври комил таҳқиқ мекунанд. Дасти кам натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар панҷ қитъаи интихоботиро беэътибор донистаанд.
XS
SM
MD
LG