Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

880 миллион нафар аз оби пок маҳрум будаанд


Созмони байналмилалии Салиби Сурх мегӯяд, тақрибан 880 миллион нафар дар саросари дунё ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва 2 миллиарду 700 миллион нафари дигар аз имконоти муносиби беҳдоштӣ маҳруманд. Дар рӯзи ҷаҳонии об, ки Созмони Милал эълом кардааст, Федератсиюни Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар гуфт, тағйири иқлим, шаҳрсозиҳои тунди барномарезиношуда ва муҳоҷират таъсири баде ба ҷомеаҳои фақир дар ҷаҳон гузоштааст. Рӯзи байналмилалии об, имсол ба масъалаи сифати об бахшида шудааст.
XS
SM
MD
LG