Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби як санади "таърихӣ" дар Амрико


Вакилони мардумии Амрико, барномаи муҳими ислоҳоти арсаи беҳдоштии ин кишварро тасвиб карданд. Вакилони демократ дар Маҷлиси Намояндагон барои тасвиби ин тарҳ 216 раъйи лозимро ба даст оварданд, ки ҳадафи он ироаи хадамоти тиббӣ барои 30 миллион шаҳрванди дигари Амрикост. Ин тарҳ ҳамчунин, муқарррорти наверо барои ширкатҳои бимаҳои тиббӣ дар Амрико пешбинӣ мекунад. Санади мазкур баъди имзои Барак Обама ҳукми иҷро мегирад, ки ӯ ислоҳоти мазкурро аз авлавиятҳои кори хеш кардааст. Вай дирӯз дар ин бора гуфт:"Барои аксарияти мардуми Амрико, ин баҳс доир ба чизи мавҳуме набуд, мубориза байни чапу рост, ё ҷумҳурихоҳу демократ набуд. Ин баҳс бештар аз як чизи хусусӣ буд. Он доир ба ҳар як амрикоӣ буд, ки дар замони сахте барояш, харҷи хадамоти тиббиро дида дигарбора аз пой меафтод. Ин баҳс доир ба ҳар волидайне ки бо кӯшиши дарёфти пули табобати фарзанди бемори мусриаш пайваста посухи радро мешунид. Он баҳс доир ба тоҷирони хурде буд, ки аз байни ду як интихоб дошт, ё ироаи бимаи тиббӣ ба корманди худ ва ё идома додан ба тиҷорати хеш." Вакилони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, мухолифи ин барнома буданд, зеро ба гуфтаи онҳо, харҷу дахолати ҳукумат ба низоми беҳдоштӣ зиёд мешавад. Ислоҳи низоми беҳдоштӣ даҳсолаҳо аз ҳадафҳои раиси ҷумҳурони Амрико будааст.
XS
SM
MD
LG