Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафъи маҳудияти интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон


Ҳукумати Тоҷикистон эълом кард, ки ба хотири таҷлили ҷашни Наврӯз, нерӯи барқ бидуни маҳдудият ба хонаҳои мардум интиқол дода хоҳад шуд. Тоҷикистон, ки ҳамасола дар фасли сармо ба камбуди нерӯи барқ мувоҷеҳ мешавад ва аз ин рӯз то нимаҳои моҳи май нерӯи барқро ба рустоҳои кишвар то се чаҳор соатӣ интиқол медиҳад. Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик» мегӯяд, имсол маҳдудияти нерӯи барқ чиҳил рӯз пештар аз солҳои қаблӣ аз байн бардошта шуд. Ҳамзамон ин ширкат, аз мардум ва муассисаҳои давлатӣ хостааст, то ҳаққи нерӯи барқро саривақт бипардозанд.
XS
SM
MD
LG