Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Карзай ба намояндагони Ҳикматёр


Воҳид Умар - як сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон, таъйид кард, ки Ҳомиди Карзай бо як гурӯҳ аз ҳайъати Ҳизби Исломӣ мулоқоти хусусӣ доштааст, ки ин гурӯҳ алайҳи ҳукумати Ҳомиди Карзай меҷангид. Воҳид Умар гуфт, дар ин мулоқот масъалаи музокироти сулҳ бо ин гурӯҳи тундрави ба раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр баррасӣ шудааст. Ҳайъати Ҳизби Исломиро Қутбиддин Ҳилол –муовини Ҳикматёр раҳбарӣ мекардааст. Аъзои ҳизби мазкур то кунун алайҳи нерӯҳои НАТО ва ҳукумат дар шарқ ва баъзе аз манотиқи шимоли Афғонистон меҷангиданд. Аввали ҳамин моҳ, Ҳомиди Карзай гуфт, ҷангҷӯёни Ҳизби Исломӣ баъди ҷанг бо аъзои Толибон барои таҳти контрол даровардани як ноҳия дар шимоли Афғонистон ба мусолиҳа бо ҳукумати марказӣ тавофуқ кардаанд.
XS
SM
MD
LG