Пайвандҳои дастрасӣ

Саидмурод Давлатов, соҳибкори муваффақи муқими Қазоқистонро на танҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки дар Чину Инглистон, Эрону Туркия ва даҳҳо кишвари дунё мешиносанд.

Зеро ӯ дар ин кишварҳо ба ҳазорон нафар дарси тиҷорат ва истифодаи оқилонаи маблағ ва роҳи рушди шахсият додааст ва алъон вай мушовири чанд ширкати хориҷист.

Устоди тиҷорат

Ин ҷавони 31-солаи тоҷик аллакай дар майдони илм низ соҳиби комёбӣ гардидааст. Ду китоби вай «Ман ва пул» ва «Аблаҳро дӯст медоранд ва оқилро эҳтиром мекунанд» ба чоп расидааст ва ӯ дар Маскав рисолаи докториашро дар бахши равоншиносӣ дифоъ кардааст.

Ҳарчанд Саидмурод соҳиби тиҷорати вижаи хеш аст ва дар Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон 20 фурӯшгоҳи либосҳои занонаву мардона ва атриёту ороишот дорад, вале вай ҳоло бештар ба масъалаи боло бурдани маърифати молии ҷавонон ва роҳҳои ташаккули шахсият таваҷҷӯҳ медиҳад ва бо ин мақсад Маркази рушди шахсият – «Само»-ро ташкил дода, таи 7 сол ба беш аз 314 ҳазор нафар дар кишварҳои гуногуни дунё дарси тиҷорат омӯхтааст.

Саидмурод мақсад дорад, ки дар оянда дар ватанаш мактаби бузурги тиҷоратро ташкил кунад ва ба донишомӯзон маърифати беҳтар кардани вазъи молӣ ва роҳҳои ташаккули шахсро таълим диҳад. Зеро ба бовари Саидмурод, вақте шахс маърифати молӣ пайдо мекунад, вай барои ҷомеа фарди зарурӣ мегардад.

Ба бовари соҳибкор ва устоди тиҷорат, бидуни ба даст овардани дониши молӣ наметавон соҳибкори муваффақ шуд. Инро Саидмурод дар таҷрибаи зиндагии хеш низ дидааст. Зеро вай баъди он ки факултаи равоншиносии Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм карда, аз дарси беҳтарин донишмандони молиёт баҳраманд шуд, назараш ба тиҷорат ва умуман зиндагӣ тағйир ёфт.

Вай барои пайдо кардани чунин дониш, тавре мегӯяд, маблағро дареғ надошт ва аз чунин шахсиятҳои машҳури дунёи иқтисод, мисли мушовири молии Барак Обама Стивен Ковӣ ва донишмандон Брайан Трейсӣ ва Бодо Шеффер дар Аврупо дарс омӯхт ва баъдан худ бо ташкили мактаби ташаккули шахсият устоди соҳибкорони ҷавон гардид.

Дониш - роҳи раҳоӣ аз камбағалӣ

Ҷаноби Давлатов мегӯяд, ки барои рушди ҷомеа илму дониш нақши бузург дорад. Ӯ таъкид мекунад, «бо пул метавон бисёр мушкилотро ҳал кард, вале наметавон камбағалиро аз байн бурд. Камбағалиро фақат дониш аз байн бурда метавонад ва беҳтарин меҳнат ҳам ин аст, ки барои дониш сарф гардад».

Вале барои тоҷири муваффақ шудан инсони нек бояд буд ва қабл аз ҳама, дасту дили пок ва нияти холис бояд дошт. Саидмурод мегӯяд, «ман дар Чин будам ва дар ҷазираи Ханян дидам, ки мардум бузи кӯҳиро дорбозӣ омӯзонидаанд. Модом ки бузро чунин омӯзонидаанд, инсон агар хоҳиш дошта бошад, ба ӯ ҳама чизро ҳамеша омӯзонидан мумкин аст».

Устоди соҳибкорони ҷавон таъкид мекунад, ки барои инсони фаъол ва соҳибкори муваффақ будан таҷрибаи зиндагии маъруфтарин тоҷирҳои дунё низ таъсири амиқ мерасонад, зеро бо ин роҳ онҳо бо дастовардҳои соҳибкорони муваффақи ҷаҳон ошно мегарданд.

Инро вақте мо дар Алмаато бо шогирдони мактаби ташаккули шахсият — «Само» сӯҳбат кардем, ба истилоҳ, бо чашми сар дидем. Тавре Айдин, шогирди 13-солаи Саидмурод Давлатов, мегӯяд, вай ба мактаб бо ҳадафи дар зиндагӣ муваффақ шудан омадааст ва ҳоло зина ба зина саводи молӣ меомӯзад.

Ҳамсабақи Айдин - Екатерина мегӯяд, онҳо дар ин мактаб он чизҳоеро меомӯзанд, ки дар ҳеч ҷойи дигар омӯхта наметавонанд. Алъон Екатаринаи 15- сола беш аз 60 ҳазор танга маблағ ҷамъ овардааст. Айдин бошад тоза ба мактаб омадаст ва мақсад дорад, ки то 20-солагиаш ним миллион танга ё қариб 3,5 ҳазор доллар маблағ ба даст биёрад.

Оқои Давлатов мегӯяд, ғолибан ин маблағҳоест, ки падару модар ба онҳо додаанд. Ҳамчунин шогирдонаш бо роҳандозии баъзе нақшаҳои хурди молӣ низ маблағ чамъ мекунанд.

Тарҳҳои тиҷоратӣ барои Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон низ Саидмурод 65 шогирд дорад, ки онҳо таи як сол 40 навъи тиҷоратро ба роҳ мондаанд. Ба андешаи Саидмурод, Давлатов, агар чунин соҳибкорони босавод дар Тоҷикистон бисёр шаванд, ҷомеа низ рушд мекунад ва онҳо дар кишвар ҷойҳои нави кориро ба вуҷуд меоранд.

Худи Саидмурод 46 тарҳи тиҷоратиро омода кардааст, ки онҳо то соли 2030 пешбинӣ шудаанд. Аз ин тарҳҳо 43-тоаш марбут ба Тоҷикистон аст ва тавре соҳибкори миллионери тоҷик мегӯяд, агар ин тарҳҳо пиёда шавад, дар Тоҷикистон 464 ҳазор ҷойи нави кор ба вуҷуд хоҳад омад.

Ба андешаи соҳибкори тоҷик, муҳити тиҷоратӣ дар Тоҷикистон назар ба солҳои пештара беҳтар гардидааст ва ба бовари вай, дар оянда талабот ба кормандон ва соҳибкорони ҳирфавӣ ва мутахассисони варзида зиёд хоҳад гардид.

Аз ин хотир вай ба Маркази ташаккули шахс бо номи «Само» ҷиҳати дар оянда тарбия кардани чунин мутахассисону соҳибкорон умеди калон дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG