Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш ва Клинтон ба Ҳаитӣ мераванд


Қарор аст, имрӯз президентҳои собиқи Амрико Билл Клинтон ва Ҷорҷ Буш ба хотири арзёбии кӯмакҳои лозим барои эъмори муҷаддади Ҳаитӣ ба ин кишвари офатзада сафар кунанд. Ду раҳбари собиқи Амрикоро раиси кунунии ин ҷумҳурӣ Барак Обама ба раҳбарии барномаи ҷамъоварии кӯмакҳои хайрия барои Ҳатиӣ баргузидааст.
Заминларзаи шадиди 12 январ дар Ҳаитӣ сабаби марги тақрибан 230 000 нафар шуд. Бо вуҷуди наздик омадани мавсими боришоту селхезӣ садҳо ҳазор дар ин кишвар ҳамчунон дар урдугоҳҳои муваққати хатарнок ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG