Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси қонуни бимаи Амрико идома дорад


Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико баҳси тарҳи қонуни бимаи тиббиро идома медиҳад. Тарҳи ин қонун таҳти суғурта овардани беш аз 30 миллион амрикоиро дар назар дошта, аз ваъдаҳои умдаи пешазинтихоботии раисиҷумҳур Барак Обама мебошад ва ба ин далел, раъйгирии имрӯза як имтиҳони ҷиддӣ барои Обама низ дониста мешавад.
Ҷумҳурихоҳон мухолифи ин тарҳ буда, мегӯянд, ки он барои кишвар бо ҳазинаи бузурге анҷом хоҳад шуд. Аммо ба назари таҳлилгарон, демократҳо 216 райъи лозим барои тасвиби ин тарҳи қонун дар Маҷлиси намояндагонро доранд.
XS
SM
MD
LG