Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел алайҳи кӯмак ба Юнон ҳушдор дод


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, Юнон ба ҳеҷ навъ кӯмаки молӣ зарурат надорад ва раҳбарони ИА дар нишасти ин ҳафтаи худ дар Брюссел набояд масъалаи кӯмак ба он кишвари бӯҳронзадаро матраҳ кунанд. Хонум Меркел алайҳи ҳар навъ барномаи наҷоти иқтисоди Юнон ҳушдор дод ва гуфт, чунин иқдом умедвориҳои дурӯғинро доман зада, суботи бозорҳоро аз байн хоҳад бурд.
Қаблан Куммиссиюни Аврупо аз Олмон ва дигар кишварҳои минтақаи евро даъват кард, тавассути ироаи қарзҳои давлатӣ ба Юнон дасти ёрӣ дароз кунанд. Ба 13 дарсад наздик шудани касри будҷа ва ҳудуди 300 миллион доллар шудани қарзҳои хориҷиаш Юнонро дар як вазъи сангини молӣ қарор додааст.
Аммо сарвазири Юнон Георге Папандреу дирӯз дар як сӯҳбати телефонӣ бо Меркел гуфтааст, ки Юнон дар ҳоли ҳозир ба кӯмакҳои молӣ ниёз надорад.
XS
SM
MD
LG