Пайвандҳои дастрасӣ

Ду бомбгузорӣ дар Балуҷистон


Мақомоти Покистон мегӯянд, бар асари ду бомбгузории алоҳида дар вилояти ҷанубии Балуҷистон 5 нафар кушта шуданд. Ҳамид Шокил, раҳбари пулиси шаҳри Квета гуфт, ҳамла алайҳи мошини пулис мунҷар ба ҳалокати се нафар, бо шумули ду маъмури пулис, ва ҷароҳат бардоштани 10 тани дигар шуд. Таркиши дигар дар шаҳри Ҳаб ду нафари дигарро кушта ба ҷо гузошт. То ҳанӯз масъулияти ин таркишҳоро касе бар ӯҳда нагирифтааст.
Гурӯҳҳои қавмгарои балуҷ бо талаби ҳаққи бештар дар тақсими фоидаҳо аз фурӯши нафту гази ин вилояти саршор аз манобеъи табиӣ алайҳи давлати Покистон меҷанганд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG