Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Маҷлиси Амрико ба раъйгирии қонуни бима


Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико дар иҷлосияи имрӯз оғозкардааш тарҳи қонун дар бораи суғуртаи тиббии Амрикоро мавриди раъйгирӣ қарор хоҳад дод. Ин қонун аз ваъдаҳои умдаи раисиҷумҳур Барак Обама дар давраи корзори пешазинтихоботиаш буд ва ба ин далел, раъйгирии имрӯза як имтиҳони ҷиддӣ барои Обама дониста мешавад.
Раҳбари демократҳо дар Маҷлиси намояндагон Ҷон Ларсон гуфтааст, ҷиноҳи онҳо 216 райъи лозим барои тасвиби ин тарҳи қонунро дар даст дорад. Аммо ҷумҳурихоҳон ин иддаои вакилони демократро зери шубҳа мебаранд. Раҳбари ҷиноҳи ҷумҳурихоҳон Майк Пенс гуфтааст, ки онҳо бо истифода аз тамоми васоил талош хоҳанд кард, ки ин тарҳ тасвиб нашавад.
XS
SM
MD
LG