Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил тақозои Амрикоро радд кард


Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу қабл аз тарки кишвараш ба қасди Амрико талаби Вошингтон ҷиҳати тавқифи шаҳраксозиҳояш дар ҳошияи Байтулмуқаддасро радд кард. Раҳбари Исроил дар Амрико бо ҷамъиятҳои ҳомии кишвараш ва ҳам бо раиси он ҷумҳурӣ Барак Обама мулоқот хоҳад кард.
Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун дирӯз дар пайи боздидаш аз як урдугоҳи паноҳандагони фаластинӣ дар навори Ғаза аз Исроил даъват кард, муҳосираи ин бахши сарзаминҳои фаластиниро бас кунад. Бан Гӣ Мун гуфт, ин муҳосира мунҷар ба “машаққатҳои ғайриқобилиқабул” шуда, ба бовари ӯ, аз ҳисоби мӯътадилҳо кам кардаву бар сафи ифротгароён меафзояд.
XS
SM
MD
LG