Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

О.Оқилов имрӯз дар СММ суханронӣ мекунад


Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо як сафари панҷрӯза ба Ню-Йорк рафт. Ӯ имрӯз дар як силсила ҷаласоти марбут ба Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” ширкат хоҳад варзид. Намояндагии Тоҷикистон шоми имрӯз дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк бо ҳузури сарвазир Оқилов ба муносибати Наврӯз як зиёфати расмӣ низ барпо хоҳад кард, ки дар он гурӯҳи ҳунармандони тоҷикистонии муқими Амрико ширкат хоҳанд кард.
СММ Даҳсолаи обро бо ибтикори Тоҷикистон эълон кардааст ва қарор аст, моҳи июн дар Душанбе як анҷумани байналмилалии махсуси масоили об доир шавад.
XS
SM
MD
LG