Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лимити барқро дар Наврӯз бардоштанд


Бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлил аз иди Наврӯз лимити нирӯи барқ дар саросари кишвар бардошта шудааст. Имсол лимити барқ дар Тоҷикистон назар ба солҳои пешин тақрибан 40 рӯз зудтар лавғ мешавад. Тоҷикистон ҳамасола дар фасли сармо бо камбуди шадиди барқ рӯбарӯст ва одатан ин лимит дар кишвар аз моҳи октябр то авоили моҳи май идома мекунад. Вале имсол ба маҳзи пур будани обанбори нирӯгоҳҳо ва ҳам мулоим омадани фасли зимистон маҳдудият дар тавзеъи нирӯи барқ хеле сабуктар буд ва алакай аз 13 март эълон шуд, ки лимити тавзеъи барқ дар шабонарӯз на камтар аз 14 соатро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG