Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии ҳизби Саркозӣ дар интихоботи маҳаллӣ


Дар Фаронса имрӯз даври дувввуми интихоботи мақомоти маҳаллӣ баргузор шуд, ки интизор меравад дар он ҳизби раисиҷумҳур Николя Саркозӣ мағлуб шавад. Рӯзи якшанбеи гузашта дар даври аввали интихобот ҳизби Саркозӣ “Иттиҳод барои ҷунбиши мардумӣ” ба дарёфти ҳамагӣ 26 дар сади раъйҳо муваффақ шуд ва аммо аз мухолифин – ҳизби сотсиалист 29 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ карданд.
XS
SM
MD
LG