Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссиюни интихоботӣ даъвати Толибониро рад кард


Комиссиюни мустақили интихоботии Ироқ даъвати раисиҷумҳур Ҷалоли Толибонӣ дар бораи такроран баршумурдани раъйҳои интихоботи парлумонии рӯзи 7 мартро рад кард. Аз ин пеш Толибонӣ бо судури як амр ва “ба хотири таъмини адолат ва шаффофият” хостори баршумурдани такрории раъйҳо шуда буд. Масъулини Комиссиюни интихоботӣ гуфтанд, ки ба баршумурдани раъйҳо зарурате нест ва аммо қисман баршумурдани овозҳо дар баъзе қитъаҳо имконпазир аст.
Тибқи иттилоъи ахир, баъд аз баршумурдани 93 дар сади раъйҳо Эътилофи “Ироқия”-и сарвазири пешин Иёд Алловӣ назар ба Эътилофи "Ҳукми қонун"-и сарвазири феълӣ Нурӣ ал-Моликӣ 8 ҳазор бештар овозҳоро соҳиб шудааст.
XS
SM
MD
LG