Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати даҳ нафар дар таркише дар Гиришк


Бар асари таркиш дар ҷануби Афғонистон даҳ нафар кушта ва нӯҳ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Довуд Аҳмадӣ, сухангӯи волии вилояти Ҳилманд, ба хабаргузориҳо гуфт, ки инфиҷор дар як купруки минтақаи Гиришк рух додааст. Гуфта мешавад, ки ҳадафи аслӣ корвони мошинҳои низомӣ буд ва аммо таркиш баъди он рух дод, ки мошинҳо аз ин купрук убур карданд. Дар ин ҳодиса мардуми осоиштае кушта ва маҷрӯҳ шуданд, ки дар дар канори рӯдхона ҷашни Наврӯзро таҷлил мекарданд.
XS
SM
MD
LG