Пайвандҳои дастрасӣ

Хотираҳои модари театри тоҷик


Мушаррафа Қосимова, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Мушаррафа Қосимова, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Дар рӯзи Наврӯз хабарнигори радиои Озодӣ ба аёдати ҳунарпешаи маъруф ва ситораи театри тоҷик Мушаррафа Қосимова рафт ва дар бораи хотираҳои наврӯзии ин зани бузург сӯҳбате анҷом дод.

Мушаррафа Қосимова, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, соли 1917 дар Самарқанд таваллуд шудааст. Аз соли 1937 инҷониб дар саҳнаи театри тоҷик ҳунарнамоӣ мекунад. Мушаррафа Қосимова 93 сол дошта, дар ҳалқаи набераҳо ва фарзандон давлати пирӣ меронад. Вале ба ин синну сол нигоҳ накарда, ҳанӯз ҳам рӯи саҳна аст.

Суол: -Наврӯзро ба Шумо муборак мегӯем! Шумо дар Наврӯз ба ҳайси модар, ҳунарманд чӣ гуфтаниҳо ва хотираҳое доред?

Мушаррафа Қосимова:
-Наврӯзро ба Шумо, ба «Озодӣ», ба ҳамаи мардум муборак мегӯям. Хуш аст, ки Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, мо ҳам ифтихор дорем, ки ҷашни моро ҷаҳониён ҳам истиқбол мегиранд. Дар хотирам аст, ки нӯҳсола будам ва дар Самарқанд зиндагӣ мекардем. Мо дар хонаи бобову бибӣ зиндагӣ мекардем. Як пагоҳӣ мо набераҳо, бибиву бобо либосҳои нав пӯшида, бо як дастархони калон дар аробае нишаста, ба як мавзеи чӯпонгоҳ рафтем. Рӯзи чоршанбе буд. Ин рӯзро нек мегуфтанд. Ин 13-ум рӯзи рафтани соли кӯҳна аст. Бибиям ба мо мегуфтанд, ки дар болои майсаву сабзаҳо ғел занед ва гӯед, ки замин дарду таби моро гираду ба мо қувват бахшад. Баъд гирди ҳамон дастархоне, ки бобову бибиям бо мо оварда буданд, нишаста ғизо мехӯрдем. Баъд моро мегуфтанд, ки рафта бойчечак чинеду ба калонсолҳо тақдим кунед. Гули бойчечак чида ба бобову бибиям медодем. Онҳо ба чашмонашон молида моро дуо медоданд.

Суол: -Дар замони шӯравӣ, ки таҷлили Наврӯз манъ ва маҳдуд буд, дар оила ва умуман дар саҳна чӣ тавр тасвир меёфт?

Мушаррафа Қосимова:
- Он вақтҳо тараддуде, ки ҳоло аст, ин хел набуд. Дар киностудия кор мекардам, ҳоло бинои «Дом кино» аст. Рӯзи Наврӯз дар он ҷо ҷамъ мешудем, бо либосҳои нав. Назди бинои «Киностудия» ҳезум оварда алов дармегиронданд. Ҳунармандон болои ҳамон алов мепариданд. Дар қатори мардони ҳунарманд, мо занҳо низ аз рӯи оташ мепаридем. Ҳатто наворҳояшон буданд, намедонам ҳоло куҷо карданд. Дар телевизион он вақт намоиш медоданд.

Суол: -Мегӯянд, ки бо ният дар деги суманак ҷавонҳо сангчаҳо мепартофтанд. Ин ҳолатҳоро шоҳид будед?

Мушаррафа Қосимова: - Бале, суманак мепӯхтанд. Суманакро аз ҳар гандум намекарданд. Аз гандуми аз ҳама олитарин суманак мепухтанд. Суманак саломати инсон, зеҳн, хотираро қавӣ гардонида, фоидаи калон дорад. Келинҳои ҷавон атрофи деги суманак бо навбат онро мекофтанд. Дар дасташон сангчаҳо бо нияти нек онҳоро ба деги суманак меандохтанд. Ба ин маъно буд, ки агар келинчакҳо ягон мушкилӣ доштанд, саломатиашон бад буд, ба умеди сиҳат шудану мушкилиашон осон шудан, сангчаҳоро ба деги суманак мепартофтанд.

Суол: -Дар саҳнаи телевизион чӣ?

Мушаррафа Қосимова: -Вақте ман дар телевизион баромад мекардам, солҳои 60-ум буд. Он вақт барномаҳо зинда пахш мешуд. Ҳарфе, ки мегуфтӣ, дигар онро пас гирифта намешуд. Вақте тариқи телевизион баромад карданӣ мешудем, қаблан Атто Муҳаммадҷон ва чанд нафари дигар омада хоҳиш мекарданд, ки модарҷон, дар эфир «бисмиллоҳ» ва номи Худоро дар забон наоред. Вале ман мегуфтам. Бо вуҷуди он, ки он солҳо занҳо фаранҷӣ мепартофтанд, ҳама вақт бисмиллоҳро фаромӯш намекардем. Дар оилаи санъаткор ва аҳли имлу фан ҳам тарбия ёфта будем ҳам, вале номи Наврӯз, бисмиллоҳ ва Худовандро ба забон меовардам.

Суол: -Қадамҳои аввалин дар саҳна бо амри тақдир буд ва ё интихоб?

Мушаррафа Қосимова: -Ҳунарманд шудан бо амри тақдир буд. Дар зиндагӣ рӯзҳои сахтро бисёр аз сар гузаронидаам. Шояд ин душвориҳои ҳаёт буд ва ё завқмандии хонаводаи мо ба санъат боис шуд, ки ман санъаткор шавам. Соли 1922 хонаводаи мо аз Самарқанд ба Душанбе кӯчида омад. Ман дар Тошканд дар донишгоҳои тиббӣ дар курси дуввум мехондам, ки падарам ва бародарашро дар Душанбе ҳамчун «душмани халқ» маҳкум карданд. Маҷбур шудам, ки таҳсилро партофта, ба Душанбе баргардам. Чунки ман духтари калонии хонавода будам ва хоҳару бародарони ман бесаробон монда буданд. Яке аз хешовандони хонаводаамон Ғанӣ Абдулло, драматурги тоҷик, дар соҳаи театр кор мекарданд. Вай завқ ва маҳорати санъаткории маро пайхас карда ва ба хотири «нонпулӣ ва чойпулӣ»-и оилаамон маро дар тетар ба кор гирифт. Соли 1937 буд, ки ман қадамҳои аввалини худро дар саҳна гузоштам. Он вақт 25-сола будам ва ҳама вақт нақши модарро мебозидам. Чунки дарди модарамро дар ҳаёт шоҳид будам.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG