Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз дар 7-умин солгарди ҷанги Ироқ


Рӯзи якшанбе дар шаҳри Вашингтон дар ҳафтумин солгарди оғози амалиёти низомии эътилофи зери раҳбарии ИМА дар Ироқ ҳазорҳо нафар раҳпаймоии эътирозӣ барпо намуда, беруншавии фаврии нерӯҳо аз Ироқу Афғонистонро тақозо карданд. Ҳадди ақалл ҳашт иштирокчии раҳпаймоӣ ва аз ҷумла хонум Синдӣ Шиҳан баъди гузоштани тобутҳои рамзӣ дар назди Қасри Сафед аз ҷониби полис боздошт шуданд. Ба қавли шоҳидон имсол дар муқоиса бо солҳои 2006-ум ва 2007-ум издиҳоми эътирозгарон хурдтар буд.
XS
SM
MD
LG