Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи ғолибони озмуни аккосии "Ончӣ мебинам"


Дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни аккосии «Ончӣ мебинам» бо ширкати меҳмононе зиёде баргузор шуд.

Ширкаткунандагони ин озмун аслан аккосони дӯстдор, яъне ғайриҳирфаӣ буданд, ки бардошту мушоҳидаҳои худро аксбардорӣ кардаанд.

Пас аз баҳогузории аккосони ҳирфаии ғарбӣ ва дохилӣ ва овоздиҳӣ аз тариқи почтаи электронӣ дар марҳилаи нимниҳоии ин озмун даҳ акс шомил шуд. Яке аз меъёрҳои аслии баҳогузорӣ ба аксҳои пешниҳодшуда ин буд, ки чӣ гуна як нафар лаҳзаи бисёр муҳим ва такрорнашавандаеро бардоштааст. Меъёри дигар аҳамияти мавзӯъ мебошад.

Ғолиби озмун Назокат Аббосова мегӯяд, муаллифи аслии акси фиристодааш хоҳарзодаи 7-солаи ӯ бо номи Рустамҷон аст
Дар озмун барандаи ҷои аввал аксе эълон гардид, ки дар он пиразане дар рӯи хар бо фарзандону наберагонаш дар роҳи кӯҳистон тасвир шудаанд. Ба муаллифи ин акс Назокат Аббосова, корманди Тоҷпромбонки ноҳияи шаҳри Ваҳдат, дастгоҳи аккосии бо 12,2 mp тақдим карда шуд. Хонум Аббосова гуфт, агарчи аккоси ҳирфаӣ нест, вале ба ин шуғл таваҷҷӯҳи зиёд дорад.

Вай мегӯяд, ин акс ҳангоми зиёрати оромгоҳи Бурхи Валӣ дар Тавилдара бардошта шудааст ва муаллифи аслии он хоҳарзодаи 7-солааш бо номи Рустамҷон аст. Акси дигари Назокат – оромгоҳи Бурхи Валиро низ доварон яке аз 10 акси беҳтарин эълон карданд.

Хонандаи дигари торнамои Озодӣ, сокини шаҳри Душанбе Хуршед Камолов, ки акси «Писар ва хараки ӯ»-ро ба озмуни «Ончӣ мебинам» фиристода буд, соҳиби ҷоизаи дуввум – телефони мобил ва як дастгоҳи аккосӣ шуд.

Хуршед Камолов, барандаи ҷои дуввум гуфт, аккосӣ шуғли аслии ӯ нест, вале ҳамеша бо худ дастгоҳи аккосӣ дорад
Хуршед Камолов низ гуфт, аккосӣ шуғли аслии ӯ нест, вале ҳамеша бо худ дастгоҳи аккосӣ дорад ва лаҳзаҳои ҷолибро барои хотира аксбардорӣ мекунад. Вай афзуд, ширкат ва пирӯзӣ дар озмуни Озодӣ шавқи ӯро дар ин ҷода бештар кардааст.

Барандаи ҷои севвуми озмун акси таҳти унвони «Чойники сеҳрнок» эълон шуд, ки дар саҳфаи интернетӣ баҳои аз ҳама бештари хонандагонро касб кардааст. Муаллифи ин акс Ҷаҳонгири Султон мегӯяд, онро ҳангоми сафар бо дӯстон дар яке аз аз деҳоти кишвар бардоштааст.

Дар ин акс чойники ҷушоне дар рӯи оташ тасвир ёфтааст ва ба гуфтаи бисёре аз хонандагон ва доварон, он инъикоскунандаи мушкили бебарқӣ дар деҳоти Тоҷикистон аст. Радиои Озодӣ ба муаллиф дастгоҳи пахши дискҳои DVD тӯҳфа кард.

Аксари доварон бар ин назаранд, ки акси Ҷаҳонгири Султон - барандаи ҷои севвуми озмун инъикосгари мушкили бебарқӣ дар Тоҷикистон аст
Ҳамчунин ба муаллифони 10 акси беҳтарини озмун ҷоиза ва «сертификат»-и аксбардории радиои Озодӣ супорида шуд.

Дар ин маросим аккосони шинохтаи кишвар Зуҳурбеки Гулбек ва Тухтамурод Рӯзиев ширкат доштанд. Онҳо аз баргузории ин озмун истиқбол карданд ва ба аксҳои беҳтарин баҳои баланд доданд.

Устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ Пайванди Гулмуродзода кӯшиши созмон додани ин озмунро як иқдоми муҳим дар роҳи ҷалби ҳунари аксбардорӣ арзёбӣ кард ва дар ояндаи наздик таъсиси бахши фотожурналистика дар факултаи журналистикаро зарур шуморид.

Озмуни «Ончӣ мебинам» аз моҳи январи соли ҷорӣ дар торнамои Озодӣ идома дошт. Дар ин муддат хонандагони мо беш аз 200 акси ҷолибро фиристодаанд.


Тақдими ҷоизаҳои озмуни "Ончӣ мебинам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00
XS
SM
MD
LG