Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Садҳо нафар эътирозгар дар шаҳрҳои муҳими Русия истеъфои сарвазир Владимир Путин ва коҳиши андозҳоро талаб кардаанд. Гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат бо чунин иқдомот бовар доранд, ки тамоми гурӯҳҳои мухолифи ҳукуматро муттаҳид хоҳанд кард.

Эътирозагарон дар шаҳрҳои Владивосток, Иркустк ва Санкт - Петербург ба нишони эътироз аз барномаҳи ҳукумат дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ раҳпайоҳои этирозӣ доир намуданд.

Дар Владивосток эътирозгарон истеъфои сарвазир Путин ва коҳиши андозҳоро пеш гузоштанд.

Ба қавли онҳо, сарвазир Путин, раиси ҷумҳур Медведев ва раҳбарони маҳаллӣ, волии вилоят Сергей Даркин ва мири Владивосток Игор Пушкарев аз ҳисоби мардум, тақозои ба истилоҳ олигархҳоро бароварда месозанд.

Лавҳаву шиорҳое, ки эътрозгарон бо худ доштанд, паст кардани пардохтҳои коммуналӣ, афзоиши нафақа, коҳиши андоз, ба вижа коҳиши андоз аз мошинҳои дасти дуи воридмешударо аз хориҷ талаб менамуданд.

Ба қавли хабарнигори радиои Озодӣ Мария Лобода, вазъи ногувор ва эътироз ба ҳукумат, ҳам нерӯҳои чапгаро ва ҳам муҳофизакоронро дар зери як парчам қарор додааст.

Мақомоти маҳаллӣ шумори эътрозгарони Владивостокро ба 500 нафар баробар медонанд, вале ба гуфти хабарнигори радиои Озодӣ дар эътироз беш аз ду ҳазор нафар ҳузур доштанд.

Дар шаҳри Иркутск Борис Немтсов, раҳбари ҷумбиши Ҳамбастагӣ ба эътирозагон ҳамроҳ шуда, истеъфои сарвазир Путин ва чанд тақозои дигарро дар миён гузошт.

Дар Санкт Петербург тақрибан як ҳазор нафар бо шиорҳои “дастаи Путин ба истеъфо” роҳпаймоӣ намуданд.

Ба ваҷҳи умум эътирозҳо бидуни дахолати пулис анҷом шуданд. Рӯзи шанбеи 20 март, ҳамзамон ҲК ва Иттиҳодияи мошиндорон ва чандин гурӯҳи ростгарори дигар раҳпаймоии эътирозӣ доир намуда, онро “рӯзи хашм” унвон карданд.

Мақмоти Русия ба ин гурӯҳҳо имкони баргузории раҳпаймоиро надоданд.
Дар ҳамин ҳол, хабарнигори Озодӣ Грек Фейфер аз Калининград иттилоъ медиҳад, ки сарфи назар аз манъи ҷамъомад бархе сокинон тасмим гирифтанд, дар майдонҳои аз қабл тайиншуда гирди ҳам биоянд.

Моҳи янавар дар Калининград тақрибан даҳ ҳазор нафар роҳпаймоии эътирозӣ доир намуда, Кремлро ба сурати ҷиддӣ нигарон карда буданд.

Аз ин рӯ, рӯзи шанбе Ҳизби Русияи воҳид бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз роҳпаймоии мухолифон дар маркази шаҳр консерте барои пайравони ҳизби ҳоким барпо намуд.

Вале дар он ҷо ба истиснои гурӯҳе аз бинандагон ва панҷоҳ афсари пулис одами зиёде ҷамъ нашуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG