Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифини Русия ба тазоҳурот омодагӣ мегиранд


Дар Русия гурӯҳҳои мухолифини ин кишвар тазоҳуроти эътирозӣ баргузор мекунанд. Онҳо интизор доштаанд, ки дар ин тазоҳурот ҳазорон нафар дар чаҳор тазоҳуроте, ки дар шаҳрҳои Владивосток, Иркутск ва Москову Санкт Петербург баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард. Нерӯҳои мухолифини Русия умедворанд, бо истифода аз норизоиятии гурӯҳҳои бахашмомада аз болоравии қимматҳо ва молиёт дар бӯҳрони бади иқтисодии ахир дар Русия мардумро ба зидди ҳукумат басиҷ намоянд.
XS
SM
MD
LG