Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон зимни як нома ба сафорати ин кишвар дар Душанбе мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии иди Наврӯз табрик гуфтааст.

Дар ин бора аз сафорати Иёлоти Муттаҳида ба радиои Озодӣ иттилоъ доданд.

Вазири хориҷаи ИМА дар ин нома навиштааст, «ман аз номи раисиҷумҳур Барак Обама ва мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Наврӯзро ба мардуми Тоҷикистон табрик мегӯям ва соли нави бо саодат, субот ва саломат орзу мекунам. Фарорасии ин иди бостонӣ ба ман имкон медиҳад, ки эҳтироми худро нисбати анъанаҳои ғанӣ ва мероси гаронарзиши таърихи шумо иброз кунам».

Вай афзудааст, Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон ҳамкории қавӣ доранд, ки аз эҳтиром ва манфиати тарафайн маншаъ мегирад. Вазири хориҷаи Амрико гуфтааст, мо ҳамкориҳоро худро бо таҳким бахшидани амният ва суботи минтақа, рушди иқтисодёт ва соҳибкорӣ ва равобити фарҳангӣ идома хоҳем дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG