Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав Бунёди ба номи Гайдар таъсис мешавад


Дӯстон ва ҳамкорони нахуствазири пешини Русия Егор Гайдар гуфтанд, ки бунёди ба номи ӯро ба хотири гиромидошти “саҳмаш дар рушди идеологияи либералӣ дар иқтисод ва сиёсат” таъсис кунанд. Изҳорот дар ин бора дар як маросими вижаи таҷлил аз 54-умин зодрӯзи Гайдар дар оромгоҳи Новодевичиеи Маскав пахш шуд. Егор Гайдар, ки моҳи декабри соли гузашта аз олам даргузашт, айёми барои Русия душвор – аз моҳи июн то декабри соли 1992 раиси кобинаи вазирони кишвар буд. Таъсиси бунёди ба номи Гайдар ибтикори Анатолий Чубайс, раиси ширкати нанотекнолоҷии Русия аст, ки дар ҳукумати Гайдар ба ҳайси муовини аввал фаъолият мекард.
XS
SM
MD
LG