Пайвандҳои дастрасӣ

“Наврӯзи Аҷам-2010”, ҷашни саросарии Наврӯзи Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, бо ҳузури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон баргузор гашт.

Нахуст, ду раисҷумҳур бо ҳайати ҳамроҳашон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии даҳ ноҳияи минтақаи Кӯлоб боздид ба амал оварданд. Дар варзишгоҳи марказии ноҳия, ки ба тозагӣ барои беш аз даҳ ҳазор бинанда бунёд ёфтааст, бо суханронии ду президент, базми наврӯзӣ шурӯъ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ зикр кард, ки Наврӯз маҳз бо пешниҳоди Тоҷикистон ва ҳамрайъии бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид мақоми ҷашни байналмиллалиро соҳиб шудааст. Ин ҳарфи раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкатдорон тоза буд, зеро қаблан расонаҳо пешниҳоди байналмиллалӣ гардонидани ҷашни Наврӯзро ба Ҷумҳурии Озарбойҷон мансуб медонистанд.

Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон дар суханронии худ тоҷику туркманро халқи дӯсту бародар ва дорои тамаддуну фарҳанги муштарак номид. Бердимуҳаммадов инчунин гуфт, Туркманистон, ки Наврӯзро як иди миллии худ низ меҳисобад, мақоми байналмиллалӣ касб кардани онро бо як эҳсоси хуб пазируфтааст.

Пас аз анҷоми суханронии ду раисҷумҳур намоишҳои театришуда бо сурудаҳои сарояндаҳои маъруфи кишвар намоиш дода шуд. Ба қавли масъулин, барои анҷоми онҳо беш аз чаҳор ҳазор нафар хонандаи макотиби таҳсилоти ҳамагонии минтақаи Кӯлоб ҷалб шуда буд.

Ҳамчунин барои таҷлили ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Данғара беш аз 30 иншооти хурду бузург ба истифода дода шуд. Чойхонаи “Хуррамшаҳр”, ки ба гуфтаи масъулин аз бузургтарин чойхонаҳо дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад, аз шумули иншооти мазкур буд.

Ду раисҷумҳур пас аз тановули зиёфат дар чойхонаи “Хуррамшаҳр” аз ноҳияи Данғара бозпас гаштанд ва дар мусобиқаҳои гуштии миллӣ ва човандозӣ, ки тибқи барномаи сафар дар онҳо мебоист иштирок мекарданд, бо сабабҳои номаълум аз мавзеъи баргузории ин мусобиқаҳо дидан накарданд.


Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG