Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдории Маскав боз ҳам дархости мухолифинро рад кард


Шаҳрдории Маскав дархости мухолифин ва ҳомиёни ҳуқуқи башар барои баргузории ҳамоиш ба хотири ҳимоят аз озодии доир кардани гирдиҳамоиву раҳпаймоиҳоро рад кард. Раҳбари гурӯҳи Ҳелсинкии Маскав Людмила Алексеева, яке аз раҳбарони эътилофи “Другая Россия” Эдуард Лимонов ва намояндаи ҷабҳаи чапгаро Константин Косякин хостори иҷозаи доир кардани ҳамоиш рӯзи 31 март дар майдони Триумфалная шуда буданд. Мухолифин ва ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия тақрибан ҳар моҳ баргузории ҳамоиш дар ин майдонро талаб мекунанд ва аммо шаҳрдорӣ боре ҳам ба онҳо барои дар ин ҷо ҷамъ омадан иҷоза надодааст.
XS
SM
MD
LG