Пайвандҳои дастрасӣ

Фирор аз обхезӣ дар Қазоқистони шарқӣ


Бар асари таҳдиди обхезӣ мардуми деҳоти манотиқи шарқии Қазоқистон манзилҳои худро тарк мекунанд. Ба иттилоъи бахши қазоқии Радиои Озодӣ, тайи ду шабонарӯзи ахир аз деҳаҳои ноҳияи Тарбағатай чаҳор ҳазору 220 нафар ба минтақаҳои амн кӯчонида шуданд. Обшавии барф сатҳи оби рӯдхонаи Уланкаи ноҳияи Уланро боло бурд ва бар асари ин се деҳа зери об монд. Роҳҳои асосӣ дар вилояти Казоқистони шарқӣ муваққатан баста шудаанд.
XS
SM
MD
LG