Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаҳои наврӯзии соли 2010 ва рӯзҳои истироҳат


Дар Тоҷикистон имрӯз тантанаҳои наврӯзӣ оғоз шуданд. Субҳи имрӯз дар Данғара Наврӯз -2010 баргузор гардид. Дар робита ба барномаҳои наврӯзӣ бо сардори шӯъбаи ташкилии дастгоҳи иҷрояи президент Нуралӣ Риёев сӯҳбате анҷом додем.

Озодӣ: -Ҳавои наврӯзӣ дар Данғара чӣ гуна аст?

Нуралӣ Риёев: - Имрӯз дар Данғара ҷашни Наврӯз баргузор гардид, дастовардҳои меҳнаткашон ба намоиш гузошта шуд. Меҳмонон аз навоҳии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар иштирок карданд. Мардум онҳоро хуш қабул кард. Бо нону намак ва дастархони идонаи наврӯзӣ. Меҳмонони хориҷӣ ҳам аз ин дастовардҳои мардум дидан карданд ва хеле хурсанд шуданд.

Озодӣ: - Наврӯзи имсола чанд рӯз идома меёбад, манзур чанд рӯзи истироҳат эълон шудааст?

Нуралӣ Риёев:
- Рӯзи 21-уми март Наврӯз дар тамоми ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳар минтақа бо кадом расму оинҳои хоси худ, ки наврӯзиро гузаронад.Ҷашн се рӯз идома меёбад, вале дар корхонаҳои давлатӣ то рӯзи 25-ум истироҳат эълон шудааст. Дар Душанбе рӯзи 21-уми март ҷашн гирифта мешавад.

Озодӣ: -Раисҷумҳур ҳам ба минтақаҳо сафар мекунад?

Нуралӣ Риёев: - Дар маъракаҳои наврӯзии минтақаҳо бо мардум шахсиятҳои барӯманд вомехӯранд. Кормандони масъули дастгоҳи иҷроияи президент, вазирону роҳбарони дигар сохторҳои давлатӣ ба минтақаҳо бо намояндагӣ аз номи президент сафар карда, паёмҳои наврӯзии роҳбари давлатро ба мардум мерасонанд. Тӯҳфаҳои наврӯзии сарвари давлатро ба оилаҳои камбизоат, беморон, мӯҳтоҷон тақдим мекунанд.

Озодӣ:- Хароҷоти дастархони идомаи мардум, умуман, хароҷоти ҷашн дар минтақаҳо аз ҳисоби мардум аст ва ё мақомоти иҷроияи давлатии маҳаллӣ?

Нуралӣ Риёев: -Мардум худаш харҷот мекунад. Ин наврӯзӣ аст. Дар тамоми наврӯзиҳо мардум суманак мепазад, дастархони ҷашнӣ рост мекунад. Мардум ба хотири он суманак мепазад, ки боз то наврӯзи дигар сиҳату саломат бирасанд. Кормандони масъул паёмро мерасонанд. Тӯҳфаҳои аз тарафи президент ҷудошударо ба пешқадамони меҳнат мерасонанд.
XS
SM
MD
LG