Пайвандҳои дастрасӣ

Мусавӣ хостори идомаи намоишҳои зиддиҳукуматӣ шуд


Мирҳусейни Мусавӣ, раҳбари мухолифини Эрон, аз ҷонибдоронаш даъват кард, ки дар соли нав ҳам намоишҳои зиддиҳукуматиро идома диҳанд. Ин даъвати Мусавӣ аз ҷонибдоронаш ахиран дар сомонаи интернетияш нашр шуд. Соли Нав ё Наврӯз дар Эрон шоми шанбе фаро мерасад.
Дар ҷараёни намоишҳои эътирозии мухолифин баъд аз эълони пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурии Эрон ҳазорҳо нафар боздошт шудаанд. Беш аз сад нафари онҳо то ҳанӯз дар маҳбасанд.
XS
SM
MD
LG