Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вижагиҳои таҷлили Наврӯз дар Қирғизистон


Таҷлили иди Наврӯз дар миёни тоҷикони Қирғизистон, ки теъдодашон бештар аз панҷоҳ ҳазор арзёбӣ мешавад, чанд вижагии худро дорад.

Аз ҷумла, сокинони деҳаи Андараки ноҳияи Лолак, воқеъ дар вилояти Ботканд, рӯзи таҷлили иди Наврӯз мизбонии дастурхони идонаро бар дӯши як гурӯҳ мегузоранд ва онҳо муваззафанд, ки дастурхони наврӯзӣ оро диҳанд ва меҳмононро пазироӣ намоянд. Мӯҳташам Калонова, як сокини деҳаи Андарак, мегӯяд, дар деҳаи онҳо анъанаи бисёр аҷиб роҳандозӣ шудааст, ки шояд дар байни тоҷикони минтақаҳои дигари Қирғизистон мислаш дида нашавад. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, соли гузашта дастурхони наврӯзиро дар майдони бузурги деҳаи Андарак як гурӯҳ мардону заноне оро доданд, ки соли таваллудашон 1973 аст. Мӯҳташам Калонова мегӯяд, аммо имсол оро додани дастурхони наврӯзӣ ба зимаи онҳое гузошта шудааст, ки мучалашон паланг ва соли таваллудашон 1974 аст. Ин хонуми андаракӣ мегӯяд, худаш ба ҳамин гурӯҳ шомил мебошад ва дар оро додани хони наврӯзӣ саҳм мегирад.

Ба гуфтаи Мӯҳташам Калонова, таҷлили иди Наврӯзро дар Андарак ва деҳоти дигари тоҷикнишини ноҳияи Лолак бе рақсу таронахонӣ ва байтбаракҳои наврӯзӣ тасаввур кардан душвор аст. Аз ин лиҳоз, байтбаракҳо дар миёни духтарон бештар аз ашъори наврӯзӣ иборатанд. Ҳамчунин, гузаронидани озмуни Маликаи сол низ аз анъанаҳое маҳсуб мешавад, ки тоҷикони Андарак ҳамасола баргузор мекунанд.

Алиҷон Қосимов, як овозхони андаракӣ, мегӯяд, ба гирди дастурхони наврӯзии имсолаашон як гурӯҳ меҳмонони тоҷикистониро низ даъват кардаанд. Вай гуфт, мехоҳанд ба ин меҳмонони хуҷандиву истаравшанӣ ва ғончигӣ нишон диҳанд, ки тоҷикони як гӯшаи Қирғизистон суннатҳои миллии худро чӣ гуна ҳифз намудаанд.

Махсуда Ҷобирова, сокини деҳаи «Ҳақиқат»-и ноҳияи Қаросӯ, воқеъ дар вилояти Ӯш, гуфт, тибқи анъана ҳар сол тоҷикону қирғизҳои ин ҷо иди Наврӯзи хуҷистапайро дар яке аз ҳавлиҳои деҳа ба таври муштарак таҷлил мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни таҷлили иди Наврӯз онҳо ҳамаи маҳорат ва истеъдоди худро дар оро додани хони наврӯзӣ, пухтани суманак ва анвои дигари идона ба харҷ медиҳанд, ки дар байни мардуми қирғизтабор чандон роиҷ нест. Махсуда Ҷобирова ҳамчунин тазаккур дод, ки анҷумани наврӯзии тоҷикони Қаросӯро дастаи ҳунарии «Зебо» шукӯҳи тоза мебахшад. Вай гуфт, ки ин даста як гурӯҳ занону духтарони деҳаи «Ҳақиқат»-ро гирдиҳам овардааст.

Зикри ин нукта низ бамаврид аст, ки тоҷикони Қирғизистон бо вуҷуди дурӣ аз аслу насли хеш анъанаҳои зиёди миллии худро ҳифз кардаанд ва дар ҷашнгирии иди Наврӯз ин суннатҳо куллан риоя мешаванд.
XS
SM
MD
LG