Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлили расмии Наврӯз дар наврӯзгоҳи Данғара бо шукуҳу шаҳомат баргузор шуд. Дар ҷашн аъзои ҳукумати кишвар бо сарварии президент Раҳмон ширкат карданд. Ҳамчунин, раисҷумҳури Туркманистон ва раҳбарону намояндаҳои корпусҳои дипломатии муқими кишвар меҳмони ин ҷашн буданд.

Барои нахустин бор аст, ки ҷашни Наврӯз ба таври расмӣ дар ноҳияи Данғара таҷлил шуд. Дар ин ҷашн консерти ҳунармандони ҷумҳурӣ, мусобиқаҳои варзишии наврӯзӣ, намоишгоҳҳои таомҳо ва фаровардаҳои наврӯзӣ пешкаш шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханоне дар ҷашнгоҳи Наврӯз аз тасмими Маҷмаи Умумии СММ дар мавриди байналмилалӣ эьлон кардани ҷашни Нарӯз истиқбол кард ва гуфт, “кулли тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ва қавму миллатҳои гуногуни оламро, ки ба иди аҷдодии мо - Наврўз ҳамчун мероси маънавию фарҳангии инсоният арҷ мегузоранд ва ба меҳмонони
олиқадри Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлати Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов, ки бо ташрифи худ ба ҷашни наврўзии мо шукўҳи хоса бахшиданд, инчунин тамоми мардуми шарифи Туркманистонро ба муносибати фарорасии Наврўз самимона муборакбод менамоям.

Наврўзи бостонӣ сароғози таърихи пурғановати мо буда, ҳамчун суннати пурарзиш ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва тору пуди зиндагии на танҳо мардуми тоҷику форс, балки кулли халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он омезиш ёфтааст".


Президентҳои Тоҷикистон ва Туркманистон дар Наврӯзи Данғара
Эмомалӣ Раҳмон инчунин роҷеъ ба далели интихоби ноҳияи Данғара ба унвони ҷаншгоҳи саросарии Нарӯзи Тоҷикистон гуфт: “Мо тасмим гирифтем, ки имсол ҷашни умумимиллии Наврўзро дар водии паҳновари Данғара баргузор намоем, зеро ин водии сабзпўш яке аз пойгоҳҳои муҳими соҳаи кишоварзии мамлакатамон ба шумор меравад".

Ӯ инчунин афзуд, ки аз лиҳози имкониятҳои истеҳсолии худ ин ноҳия метавонад ба макони парвариши зироату ғаллаи фаровон табдил ёфта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати Тоҷикистон мебошад, саҳми арзанда гузорад.

Ва албатта мавӯъи муҳим ва дараҷаи аввали Тоҷикистон – Роғун ҳам дар ҳошия намонд ва раиси ҷумҳур ба он таъкид кард. Оқои Раҳмон гуфт: “Аз ин нигоҳ, Наврўзи имсола аҳамияти хоса дорад, зеро таҷлили он дар рўзҳое сурат мегирад, ки халқи ҳимматбаланду бунёдкори мо сохтмони иншоотҳои барои Ватанамон тақдирсозро майдони кору пайкори созанда эълон карда, барои вусъати тоза бахшидан ба бунёди онҳо ҳама чун як
тан камари ҳиммат бастааст".


Пас аз истиқлоли Тоҷикистон Наврӯз ба муҳимтарин ва умдатарин ҷашн дар кишвар табдил ёфтааст. Дар чанд соли ахир Тоҷикистон Наврӯзро қариб як ҳафта ҷашн мегиранд ва дар кишвар то панҷшанбеи ҳафтаи баъдӣ рӯзҳои истироҳат эълон шудааст. Ба чунин шукӯҳу шаҳомат дар Тоҷикистон дигар ҳеҷ ҷашне нест.

Шабакаҳои телевизионии кишвар мустақиман аз Данғара ҷашни Наврӯзро пахш намуданд. Субҳи барвақт корвони мошинҳои зиёд аз Душанбе ва дигар манотиқ ба Данғара равона буд. Мардуми зиёде дар ҷашнгоҳи Нарӯзи Данғара гирди ҳам омаданд.

Меҳвари ҷашн барномаи театрикунонидашудаи наврӯзӣ, дар макони навбунёде дар Данғара бо номи Хуррамшаҳр аст. Ин макони тафреҳӣ махсус барои таҷлили Наврӯз ҳамроҳ бо муассисаҳои дигар боз шудааст ва онро соати нӯҳи субҳи ҳамин рӯз, 19-уми март, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳамтои туркманаш расман боз кард. Маросими боз кардани Хуррамшаҳр аз шинонидани ниҳол дар боғи он бо дастони ду раисҷумҳур оғоз гардид.

Раисҷумҳури Туркманистон иштирок дар ҷашни Наврӯзи Тоҷикистонро барои худ шараф донист ва гуфт, Наврӯз дар феҳрасти ҷашнҳои туркманҳо низ ҷойи намоён дорад.

Бино бар иттилоъи хабарнигорони Озодӣ, ки дар Данғара қарор доштанд, барои барномаи наврӯзӣ 4,500 мактаббача ҷалб шуд. Варзишгоҳе, ки дар он барнома ба намоиш омад, зарфияти мизбонии беш аз 10.000 бинандаро дорад. Ин барнома аз панҷ қисмат иборат аст ва дар консерти ҳамзамонаш тақрибан сесад ҳунарманд иштирок карданд.

Дар остонаи ҷашни Наврӯз Бан Ки Мун, дабири кулли СММ, ба мардумони ҷаҳон паёми шодбош фиристод. Дар паём омадааст, Рӯзи байнулмилалии Наврӯз эълон шудани ҷашни Наврӯз гувоҳи боло рафтани эътибори ин ҷашн на танҳо дар қисматҳои алоҳидаи сайёра, балки дар арсаи байнулмилалӣ ба шумор меравад. Дабири кулли СММ дар паёми худ изҳори умед кардааст, ки кишварҳо ва мардумони ҷаҳон бо такя ба суннатҳои таърихии ин ҷашн талош хоҳанд кард, ки дар фазои дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва сулҳ зиндагӣ кунанд, то дар сайёра сулҳ ва иродаи нек таҳким ёбад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG