Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷаҳони варзиш" бахшида ба Иди Наврӯз


Дар барномаи навбатии маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш», ки ба Наврӯз бахшида шудааст, нахуст Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба шунавандагон дар бораи мусобиқоти идона иттилоъ медиҳад.

Дар Иди Наврӯз баргузории сабқати гуштии миллӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва маъракаҳои идона ҳамеша бо қувваозмоии паҳлавонон сурат мегирад. Дар ин бора сӯҳбате дорем бо паҳлавони маъруфи тоҷик Муҳаммадшариф Сулаймонов, ҳамчунин, устодони варзидаи гуштии миллӣ Амрисултон Наботов ва Ғиёсиддин Қаюмов.

Мардуми тоҷик дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз ба бузкашиву асптозӣ низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд. Дар бораи сабқати човандозону асптозон довар ва коршиноси соҳа Арбобмирзо Шамсиев нақл мекунад.

Инчунин дар ин барнома ба шунавандагон дар бораи пирӯзии дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар мусобиқаи ҷумҳуриявии Ҷоми
Рустам Долтабоев-2010 маълумот медиҳем.

Ҳамчунин дар ин барнома хабарҳои тозаи варзишӣ ба шунавандагон пешкаш мешаванд.
XS
SM
MD
LG