Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди як созмони ҳомии матбуот аз Қирғизистон


Гузоришгарони Бидуни Марз як созмони ҳомии матбуот, мегӯяд, аз “мавҷи бесобиқаи фишор” ба матбуоти мустақил ва нашрияҳои мухолифин дар Қирғизистон “ваҳшатзада” шудааст. Созмони мазкур номумкин шудани дастрасӣ ба вебсайтҳои пурхонанда ва мустақили хабарӣ дар Қирғизистон ва қатъи пахши барномаҳои Радиои Озодӣ дар ҳафтаи гузаштаро зикр карда ва аз мақомоти Қирғизистон хостааст, аз фишор ба матбуоти мустақил даст бардорад. Дар Қирғизистон аз 9 март ба ин сӯ дастрасӣ ба вебсайтҳои Ferghana.ru, Centrasia.ru ва Paruskg.info номумкин шудааст. Радиои давлатии Қирғизистон низ пахши барномаҳои Би Би Си-ро ба гуфтаи мақомот бо иллатҳои фаннӣ мутаввақиф кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG