Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикову Русия аз "пешрафт" сухан гуфтанд


Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико, дирӯз гуфт, кишвараш ва Русия дар амри таҳияи созишномаи нави коҳиши силоҳҳои ҳастаӣ ба “пешрафти қобили таваҷҷӯҳ” ноил шудаанд. Ҳилларӣ Клинтон, ки бо Сергей Лавров – вазири умури хориҷаи Русия, дирӯз дар Маскав мулоқот кард, гуфт, ҳарду тараф ба зудӣ дар мавриди созишномаи ниҳоӣ ба мувофиқа хоҳанд расид. Сергей Лавров низ дар ин маврид бо хушбинӣ сӯҳбат кард: "Мо аз он қаноатмандем, ки музокиракунандагон дастурҳои раиси ҷумҳурони ду кишварро иҷро мекунанд. Ҷараёни ин корро худи раиси ҷумҳурон таҳти назорат доранд, аз ин рӯ мо асос дорем, ки бигӯем, ки ба марҳилаи ниҳоӣ наздик мешавем." Қарор аст, имрӯз Ҳилларӣ Клинтон бо Дмитрий Медведев - раиси ҷумҳури Русия, дидор кунад. Вай ҳамчунин бо намояндагони чаҳоргонаи сулҳи Ховари Миёна, Созмони Милал, Иттиҳодияи Аврупо, Русия ва Амрико мулоқот мекунад, ки саъй доранд, музокироти ғайримустақими сулҳ миёни Фаластиниёну Исроилро эҳё намоянд.
XS
SM
MD
LG