Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтӯгуи Ҳилларӣ Клинтон бо Бенямин Нетаняҳу


Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико, ва Бенямин Нетаняҳу – нахуствазири Исроил иқдомоти мушаххас барои беҳбуди дурнамои ҷараёни сулҳи миёни Исроилу Фаластиниёнро баррасӣ кардаанд. Вазорати умури хориҷаи Амрико бо нашри ин хабар ҳамчунин гуфт, Ҷорҷ Митчелл фиристодаи хоси Амрико барои Ховари Миёна охири ҳамин ҳафта ба минтақа сафар карда ва бо Бенямин Нетаняҳу ва Маҳмуд Аббос – раиси ҷумҳури Фаластиниён, гуфтӯгу мекунад. Муносиботи Амрико бо шарики наздикаш Исроил баъд аз он латма дид, ки ин кишвар ҳангоми сафари Ҷо Байден –муовини раиси ҷумҳури Амрико, эълом кард, ки дар минтақаҳои ишғолии Байтулмуқаддаси Шарқӣ шаҳракҳои нави яҳудинишин бунёд хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG