Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти мубориза бо фасод дар Афғонистон


Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон, ба хотири тақвияти мубориза бо фасоду ришвахорӣ дар кишвараш, салоҳиятҳои ниҳоди мубориза бо фасодро бештар кардааст. Ҳомиди Карзай баъди имзои қарори марбут дар шаҳри Кобул, ин санадро як “иқдоми бисёр муҳим дар амри мубориза бо фасоду ришвахорӣ” дар Афғонистон хонд. Аз ин пас Идораи олии назорат бар татбиқи мубориза бо фасоди Афғонистон, ҳақ хоҳад дошт, ҳар гуна қазияи ришвахорӣ дар Афғонистонро мустақилона таҳқиқ кунад. То кунун ин идора танҳо қазияҳои фасодро барои баррасӣ ба додситонӣ ва маъмурони пулис дар Афғонистон месупурд. Фасоди густурда дар ҳукумати Афғонистонро яке аз омилҳои аслии коҳиши эътимоди мардум ба ҳукумати Ҳомиди Карзай медонанд.
XS
SM
MD
LG