Пайвандҳои дастрасӣ

Бедодгарии обхезӣ дар Қазоқистон


Обхезии шадид, мақомоти Қазоқистонро маҷбур кард, то садҳо нафар аз сокинони як ноҳия дар шарқи кишварро ба ҷойи амн интиқол бидиҳанд. Обшавии босуръати барф бар асари болоравии ҳарорат сабаби обхезӣ дар Вилояти Қазоқистони Шарқӣ шудааст. Бар асари обхезӣ хатҳои нерӯи барқ ва телефон хароб шудааст ва эҳтимоли вайрон шудани пулҳо низ вуҷуд дорад. Мақомоти расмии Қазоқистон мегӯянд, дар маҷмӯъ 19 ноҳия ва русто бо ҷамъи 20 ҳазор нафар аҳолӣ таҳти хатари обхезӣ қарор доранд. Пештар аз ин бар асари рахна шудани як обанбор дар Қазоқистон даҳҳо нафар ҷон доданд.
XS
SM
MD
LG