Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти Путин дар бораи ниругоҳи ҳастаии Эрон


Владимир Путин-нахуствазири Русия дар шаҳри Волгадонски кишвараш эълон кард, ки қарор аст тобистони соли ҷорӣ нахустин ниругоҳи ҳастаии Эрон ба фаъолият шурӯъ кунад. Путин ин суханонро дар мулоқоте роҷеъ ба масъалаҳои нируи ҳастаӣ баён дошт. Аз миёнаи солҳои 1990-ӯми қарни гузашта Русия дар сохтмони ниругоҳи ҳастаии Эрон дар Бушеҳр кӯмак мекунад. Дар гузашта борҳо оғози фаъолияти ин ниругоҳ ба таъвиқ афтода буд. Изҳороти Путин дар ҳоле пахш мешавад, ки кишварҳои ғарбӣ аз талошҳои Ирон барои даст ёфтан ба аслиҳаи ҳастаӣ нигаронанд.
XS
SM
MD
LG