Пайвандҳои дастрасӣ

Агар воқеан мо дар як кишвари ҳуқуқбунёд ва демократӣ зиндагӣ медоштем, мебоист масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба истеъфо мерафтанд.

Шояд шумо фикр кунед, ки ман як ҷумлаи ба истилоҳ болобаланд навиштааму тамом.

Дар рӯзи рӯшан, дар 60 километрии Душанбе дар мавзеи миёни тунели Анзоб ва Майхура 8 нафар дар пеши чашми мардум, дар пеши чашми пайвандонашон, дар зери тарма бо чӣ азияте ҷон доданд, вале ба қавли шоҳидон масъулони Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ дар ин соатҳо ба имдоди онҳо нарасиданд.

Ин ҳодиса 17-уми март рух дод ва ин воқеаро дӯсти журналистам Ҷумъабой Толибов, сардабири ҳафтаномаи «Пайкон», ки шоҳиди айнии ин ҳодиса буд, дар ҳамон лаҳзаҳое, ки тарма 15 ҷавони аз 18 то 30-соларо печонида буд, ба мо хабар дод. Вақте ки ӯ бо телефон ин хабарро мегуфт, садояш меларзид ва хеле саросема буд, зеро ҳамроҳи дигар мусофирон, ки зинда мондаанд, афроди дармондаро аз хоку санги тарма берун мекашиданд.

Заноне, ки дар ин роҳ мусофир буданд, дар канори мардҳо бо фиғону таҳлука бо дастони худ тармаро мекофтанд, ба умеди он ки шояд як нафари дигареро зинда бигиранд…

Аммо Дафтари матбуоти Вазорати умури дохила ба хабаргузории давлатии «Ховар» дирӯз хабар дод, ки 8 нафар ҳангоме, ки аз роҳи ағба, пиёда мехостаанд убур кунанд зери тарма мондаанд.

Ин ҳарфҳоро бубинед. Ниҳодҳои масъули Ҳукумати Тоҷикистон, вақте ки наметавонанд сари вақт ба ҷои ҳодиса бирасанд, боз дуруғ мегӯянд ва фикр мекунанд, ки мардумро мешавад бо дурӯғ таскин дод…

Чаро мегӯям, ки дӯрӯғ мегуянд? Зеро шоҳидони айнӣ Комила ва Ҷасур мегӯянд, ки ҳеҷ кас қасди пиёда убур кардани ағбаро накардааст. Онҳо ҳангоме, ки як мошин дар миёни роҳ руст кардааст, барои аз миёни роҳ гирфтани мошин 20 ҷавоне, ки тавон доштаанд, аз паи ин амал мешаванд, ки ногоҳ тарма мелағжад ва понздаҳ тан аз онҳоро мепечонад. Дигар ин ки ин ҳодиса дар назди дарвозаи Туннели анзоб воқеъ шудааст на дар ағба.

Хабаранигори мо дар водии Зарафшон Шоҳини Равшан мегӯяд, ки Азизи Абдуманони 28 сола донишҷӯи, соли чоруми донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ, пас аз адои маросими мотами бародари худ ба Душанбе омаданӣ буд, вале ӯ низ ба коми ин тарма рафт ва либоси сугвории падару модарашро сиёҳтар кард. Ҳоло наздики 12 хонавода бар асари тармахезӣ мотамзадаанд.

Нозирони роҳи ноҳияи Айнӣ мегуянд, ки шумори ҷасадҳо ба дувоздаҳ расидааст.

Оё дар ин ҳолат аз ниҳодҳои масъули ҳукумати Тоҷикистон кӣ бояд посух диҳад? Ва посухи ӯ чӣ метавонад бошад? Ин суолро шояд аксари хонандаи ин саҳифа низ доданӣ бошад.

Ба қавли шоҳидони айнӣ, гурӯҳи наҷотбахши Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ танҳо пас аз се соат, вақте ки мусофирон ҷасадҳоро берун кашидаанд, ҳозир шуданд.

Ба қавли Комила ва Ҷасур агар гурӯҳи наҷотбахш сари вақт мерасид, шояд баъзе аз афродро мешуд зинда берун овард.

Тақрибан, як моҳ қабл бар асари лағжиши тарма беш аз 200 мошини ҳомили мусофирон таи 12 рӯз бидуни кӯмак аз кадом тараф дар сангинии сармо шабро рӯз карданд.

Идораи обу ҳавосанҷии кишвар аз боришоту тармахезӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон иттилоъ дода буд, вале дар мавзеи хатархез чорае ҷуста нашудааст. Ман метавонам даҳҳо мисол биорам, ки бо пеш омадани фасли тармахезӣ дар ҳамин мавзеи Майхура даҳҳо сокини кишвар кушта шудаанд, ки дар миёни онҳо занону кӯдкону ҷавонон кам набуданд. Вале то кунун масъулни ин идораҳои масъул хомӯш ҳастанд.

Тунели ағбаи Анзоб «Истиқлол» номгузорӣ шудааст, вале вақте ки ҳар сол даҳҳо сокини кишвар дар атрофи он куштаву захмию нопадид мешаванд, мо аз кадом истиқлол метавонем лаб кушоем?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG